- гӯшт
- [گوشت]1. ҷисми мулоими сурхранги рӯи устухонҳо ва зери пӯсти инсон, ҳайвонот ва парандагон: гӯшти гов, гӯшти гӯсфанд, гӯшти гӯсола, гӯшт гирифтан, гӯшт фурӯхтан, гӯшт хӯрдан; гӯшти бирён гӯшти дар равған бирёншуда; гӯшти лаҳм гӯшти беустухони мулоим; гӯшти сахт гӯшти пайдори сахт; гӯшти яхнӣ гӯшти пухтаи сардшуда2. ҷои мулоими мева ва растаниҳои полизӣ мисли харбуза ва тарбуз◊ гӯшт пайдо кардан тани касе гӯшт гирифтан, андаке фарбеҳ шудан; аз гӯшт фуромадан, гӯшти бадани худро бой додан лоғар шудан; курта-курта гӯшт гирифтан ниҳоят хурсанд шудан, ба худ болидан; гӯшти хару дандони саг дар мавриди ба ҳам дарафтодани ду одами бад мегӯянд; монанди гӯшту устухон (нохун) ба ҳам хеле наздик ва қарин
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.